Боғдорони Тоҷикистон то 1 сентябри соли ҷорӣ зиёда аз 31 ҳазор тонна ҳосили ангур ҷамъоварӣ карданд, ки 11 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки зимистони соли 2022 ҳавои сард ба қисми зиёди токзорҳо зарар расонида, он ба ҳаҷми истеҳсоли ангур таъсири манфӣ расонид. Аммо боғдорони соҳибтаҷриба дар як муддати кӯтоҳ токзорҳоро барқарор намуда, ҳаҷми истеҳсолро зиёд карданд.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дигар зироатҳои кишоварзӣ ҳам ҳосили хуб доданд. Дар тобистон зиёда аз 270 ҳазор тонна ҳосили меваҳои гуногун ҷамъоварӣ шудааст, ки 54% зиёдтар нисбат ба ҳаимн давраи соли гузашта аст.
Ҷамъоварии ҳосили меваҳо ва ангур идома дошта, то охири сол нишондиҳандаҳо метавонанд боз якчанд фоиз боло раванд.
Дар муқоиса бо соли гузашта истеҳсоли сабзавот 25% афзуда, 1,1 млн тоннаро ташкил дод. Аз ҷумла 515 ҳазор тонна пиёз (афзоиш - 13%), 192 ҳазор тонна помидор (+36%), 128 ҳазор тонна сабзӣ (+42%), 107 ҳазор тонна бодиринг (12%) ва 160 ҳазор тонна дигар навъи сабзавот (+66%) парвариш ёфтааст.
Истеҳсоли зироати полезиҳо - тарбузу харбуза ва каду 53% зиёд шуда, ба 563 ҳазор тонна расидааст. Ҳаҷми истеҳсоли картошка 35% афзуда, 280 ҳазор тоннаро ташкил додааст. Ҳамчунин истеҳсоли зироатҳои ғалладона ва хӯрока барои чорво низ зиёд шудааст.
То имрӯз зиёда аз 808 ҳазор тонна зироати ғалладона ҷамъоварӣ шудааст, ки 4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад. Аз ин миқдор ҳудуди 645 ҳазор тоннаашро гандум ташкил медиҳад, ки 3,8% камтар аз ҳаҷми соли гузашта аст.
Айни замон кишоварзони Тоҷикистон дар майдони зиёда аз 201 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд, ки 5 ҳазор гектар аз нақша ва 14 ҳазор гектар зиёдтар нисбат ба соли 2023 мебошад.
Дар ин заминҳо зироати ғалладона, сабзавот, картошка ва зироатҳои хӯрока барои чорво парвариш карда мешаванд.