Дар қаламрави Тоҷикистон барои самаранокии ҳамлу нақли логистикӣ сохтани марказҳои нави захираи бор (хабҳо) ва маҷмааи анборҳо лозим аст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба муовини вазири нақлиёти Русия Дмитрий Зеврев иттилоъ медиҳад.
«Доир ба беҳтар кардани самаранокии занҷираҳои логистикӣ мо бо ин мушкилот бо бисёре аз кишварҳо рӯ ба рӯ шудаем, дар робита ба кушодани масирҳои нави боркашонӣ ва ҷамъоварии борҳо барои лоиҳаҳое мисли “Агроэкспресс”, ба мо, бешубҳа, хабҳо (марказҳои нигаҳдории бор) дар қаламрави Тоҷикистон ва маҷмааҳои анбор бо категорияҳои анборҳои А ва Б+ лозим аст, то ки борҳо ҷамъоварӣ шаванд», – гуфтааст ӯ дар нишасти мизи мудаввар оид ба «Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Русия», ки рӯзҳои охир дар Душанбе баргузор шуд.
Ба гуфтаи Зверев, ин иқдом ба тағйироти назаррас дар нархгузории боркашонӣ тавассути роҳи оҳан боис гардида, дар натиҷа дастрасӣ барои истеъмолкунандагон ва фиристандагони борро осонтар мекунад.
Ӯ зикр намуд, ки соли 2023 ҳаҷми боркашонӣ тавассути роҳи оҳан миёни Тоҷикистон ва Русия 29% афзоиш ёфта, дар ҳашт моҳи соли 2024 тақрибан дар ҳамон сатҳ боқӣ мондааст, ки ин як «нишондиҳандаи хуб» мебошад.
Зверев таъкид доштааст, ки ҳаҷми солонаи боркашонӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ миёни ду кишвар тақрибан 150 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
«Аз як ҷониб, ин нишондиҳандаи устуворӣ аст. Аз тарафи дигар, мо дурнамои рушди назаррасро мебинем. Барои ин бояд марказҳои логистикии ҷамъоварии бор дар қаламрави Тоҷикистон, аз ҷумла бо ҳамкории соҳибкорони рус таъсис дода шаванд», – илова намудааст ӯ.
Ёдрас мекунем, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон буда, аз панҷ як ҳиссаи гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба ин кишвар рост меояд.
Бино ба маълумоти Агентии омор, савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ 1 млрд 268,6 млн долларро ташкил додааст, ки 14,3% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёдтар аст. Қобили зикр аст, ки 94,5% ҳаҷми савдои дуҷониба ба воридоти молу маҳсулот аз Русия ба Тоҷикистон рост меояд.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Усмонзода бозпурсӣ шуд. Мурофиаи сеюми чеҳраҳои шинохта боз ҳам паси дарҳои баста баргузор шуд
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста