Кумитаи андози Тоҷикистон қарздорони калонтарини худро эълон кард, ки ҶСК "Шабакаҳои тақсимоти барқ" бо 144 миллион сомонӣ дар ҷои якум қарор дорад. Дар ин бора Нусратулло Давлатзода, раиси Кумита рӯзи 8-уми август, дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, корхонаҳои зерин бо қарзи зиёд дар ҷои дуввум сеюм ва чаҳорум қарор доранд::
- Корхонаи "Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд" - 30 млн сомонӣ;
- Корхонаи "Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил" - 22 млн сомонӣ;
- Кони ангишти “Зиддӣ” - 19 млн сомонӣ.
“Бо вуҷуди ин, шумораи корхонаҳое, ки қарзҳои калон доштанд, давра ба давра кам шудааст” - гуфт Давлатзода.
Афзоиши даромад ба буҷет ва қатъи фаъолияти соҳибкорӣ
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар ним соли 2025 ба буҷети давлат аз ҳисоби андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 12 млрд 715 млн сомонӣ ворид гардид, ки ин аз нишондиҳандаи пешбинишуда беш аз 1,5 млрд сомонӣ бештар аст.

Яке аз сабабҳои барзиёд иҷро шудани нақшаро Давлатзода дар зиёд шудани шумораи соҳибкорон медонад. Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра шумораи андозсупорандагон 9,8 ҳазор бештар шудааст.
“Дар ягон давра шумора дар шаш моҳ ин қадар зиёд нашуда буд” - шарҳ дод ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ зимни нишасти хабарии рӯзи 6-уми август гуфт, ки дар 6 моҳи соли равон дар Тоҷикистон 12 ҳазору 726 (12 ҳазору 203 соҳибкори инфиродӣ ва 523 шахси ҳуқуқӣ) соҳибкор фаъолияти худро қатъ кардаанд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 878 адад зиёд мебошад..
"Дар ин давра, ҳамчунин, 23 ҳазору 308 адад субъекти нави хоҷагидор таъсис ёфт, ки аз он 22 ҳазору 112 ададро соҳибкори инфиродӣ ва 1 ҳазору 196 ададро шахсони ҳуқуқӣ ташкил медиҳад. Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 82 адад шахсони ҳуқуқӣ ва 4 ҳазору 288 адад соҳибкорони инфиродӣ зиёд аст", - изҳор дошт раиси Кумитаи сармоягузорӣ.
Раҳимзода сабаби асосии қатъи фаъолияти соҳибкоронро гузаштан ба дигар намуди фаъолият, аз ҷумла аз соҳибкории инфиродӣ ба шахси ҳуқуқӣ унвон кард.
Аз Кумитаи андоз гуфтанд, ки ҳоло дар кишвар 375,1 ҳазор соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ фаъолият доранд.
40 корхона 45% бахши даромади буҷетро таъмин кардаанд
Ба гуфтаи Давлатзода, тайи чанд соли охир 43-45%-и бахши даромади буҷаи кишвар аз ҳисоби 40 субъект таъмин мегардад. Миёни 5 беҳтарин андозсупорандаи калон, ки 14%-и даромати буҷетро таъмин кардаанд, чунин корхона мебошанд:
- корхонаи муштараки “Зарафшон”;
- “Ширкати металлургии “Анзоб”;
- корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб”;
- “Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой”;
- ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ”.
Афзоиши бақияи қарзи андоз
Мувофиқи омори пешниҳодгардида, ба ҳолати 1 июни соли 2025, бақияи қарзи андозҳо дар маҷмуъ 975,8 млн сомониро ташкил дод. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 235,6 млн сомонӣ бештар аст.
Дар ин 6 моҳ нисбати андозсупорандагони қарздор беш аз 9 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 670,5 млн сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои дар соли 2024 қабулшуда ба буҷет 787,1 млн сомонӣ ворид гардид.
Ба гуфтаи Давлатзода, дар нимсоли гузашта 14,8 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ сабт шудааст. Ин ҳуқуқвайронкуниҳо, асосан, ба масъалаҳои бе қайд дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ, кам нишон додани маблағи андоз рабт доштаанд.
Дар ин асно, вайронкунандагони тартибот ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 331 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.





“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста