Душанбе. 14-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон заминҷунбии навбатӣ рух дод. Шаби гузашта соати 22.00 дар қисмати шарқии ҷумҳурӣ заминҷунбии муодил ба 4,9 балл ба қайд гирифта шуд.
Тавре аз пойгоҳи зилзиласанҷии Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, маркази заминҷунбӣ дар 180-200 километрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт воқеъ буд. Қувваи зилзила дар пойтахти кишвар ба 3 балл расид. Дар бораи хисороти бар асари зилзила расида ягон маълумот дастрас нашудааст.
Ин заминларзаи дуввумест, ки дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон ба амал омад. Дирӯз соати 13.08 дақиқаи вақти маҳалл
ӣ
низ дар қаламрави То
ҷ
икистон замин
ҷ
унбид. Маркази зилзила дар масофаи 318 километрии
ҷ
анубу шарқии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди
Ҷ
умҳурии Исломии Афғонистон воқеъ буд. Қувваи зилзила дар марказаш ба 4 балл ва дар пойтахти кишвар ба 2 балл расид.



Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста