Душанбе. 21-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Масъалаи барқарор намудани манзили истиқоматие, ки дирӯз дар натиҷаи таркиши газ хароб гардид, аз тарафи комиссияи вижа мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар хатми он ба раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳисобот дода мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи шаҳрдори Душанбе - Шавкат Саидов хабар дод.
Ёдовар мешавем, инфиҷори газ, субҳи дирӯз дар яке аз ҳуҷраҳои бинои истиқоматии кӯчаи Рӯдакӣ, воқеъ дар маркази пойтахт ба амал омад. Таркиши газ дар ошёнаи сеюми бинои 4-ошёна, талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Ба иттилоъи намояндаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати умури дохилӣ, дар натиҷаи сӯхторе, ки баъди таркиш ба амал омад, қисмати дохилии ҳуҷра каме хароб гардид. Таркиш ва сӯхтор ба хонаҳои ҳамҷавор осеб нарасондаанд. Бар асари инфиҷор соҳибони манзил Валентина Гардейи 74-сола ва Марина Клейменоваи 49-сола ҷароҳат бардошта, алъон дар маркази ҷумҳуриявии беморони сӯхта таҳти табобат қарор доранд. Ба гуфтаи пизишкон, вазъи ҷабрдидагон нисбатан беҳтар гардида, ба ҷони онҳо хатаре тахдид намекунад.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста