Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвар автомашинаи КАМАЗ бо беш аз 330 кило маводи мухаддир ба ҷарӣ сарозер шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти қудратӣ иттилоъ дод, автомашинаи мазкур бо 15 тонна биринҷ аз ноҳияи Шуғнон ба сафар баромада, бинобар аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда, дар километри 39-уми роҳи мошингарди Душанбе-Норак ба ҷарии 150-метра сарозер мешавад. «Аз ҷароҳатҳои гирифта ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», - -гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба ҷойи ҳодиса ҳозиршуда аз якчанд махфигоҳи мошин ҳудуди 330 кило маводи мухаддири афюн дарёфт кардаанд. «Айни замон даст доштани ронандаи фавтида дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва узвияти ӯ дар гурӯҳҳои ҷиноятпеша муайян карда мешавад», - афзуд сарчашма.
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба номи Давлатманд Холов гузошта шуд
“Забон ёфтем”. Содир Жапаров гуфт, қитъаҳои мавриди баҳс бо Тоҷикистон “50 ба 50 тақсим шуданд”
“Тоҷикистон ҷонибдори рафъи маҳдудиятҳо аст.” Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи сарони кишварҳои ИДМ дар Маскав чӣ гуфт?
ТОП-7 меваи Тоҷикистон, ки дар соли 2024 аз ҳама бештар содир шудааст
Гузоришгарони бидуни марз: Дар соли 2024 дар саросари ҷаҳон 54 хабарнигор кушта шудаанд
Дар Тоҷикистон мақоми Ваколатдори нав таъсис дода мешавад
Боздошти ҷавони 18-сола бо гумони куштори як сокини Ҳисор
Дар Тоҷикистон беш аз 1 млн тонна картошка истеҳсол шуд, лекин чаро он арзон нест?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Се моҳӣ дар обгир”
СУБҲ БА ХАЙР, ТОҶИКИСТОН! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2024
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста