Душанбе. 11-уми май. Азия-Плюс — Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ миқдори зиёди маводи мухаддир мусодира карда шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дирӯз дар роҳи автомобилгарди Сарбанд-Қӯрғонтеппа сокини вилояти Хатлон А.И. ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардида, зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 5 килову 284 грамм маводи мухаддири навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти оморӣ, аз 1,5 тонна маводи мухаддире, ки дар семоҳаи аввали соли равон аз ҷониби мақомот ҳифзи ҳуқуқи мусодира карда шудааст, қисми зиёдашро ва маҳз 1 тоннаву 210 килояшро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис, аз ҷумла ҳашиш ва бангдона ташкил медиҳанд.