Хуҷанд. 14-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар вилояти Суғд падару модар духтарчаи навзоди худро дар худи таваллудхона ба ивази 500 $ фурӯхтанд.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ дод, зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ муқаррар карда шудааст, ки дар таърихи 1-уми январи соли равон дар таваллудхонаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини ҳамин ноҳия Гулнора Қодирова дугоник – ду духтар таваллуд мекунад. «Сипас тибқи маслиҳати пешакӣ бо шавҳараш А.Солибоев онҳо яке аз духтарчаҳоро ба ивази 500 $ дар ҳамон таваллудхона ба сокини ҷамоати Унҷии ноҳияи мазкур фурӯхтаанд», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки аз рӯйи ин далел нисбат ба падару модари духтарча Г.Қодирова ва А.Солибоев тибқи моддаи 167, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста