Миёни осебдидагон аз заминларза дар Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ бо истинод ба маълумоти сафорати Тоҷикистон дар Туркия хабар доданд, пас аз заминларзаи харобиовар дар музофоти Вани Туркия, ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон ҳеҷ маълумоте дар бораи шаҳрандони осебдидаи Тоҷикистон ворид нашудааст.

«Сафорати Тоҷикистон дар Туркия шабонарӯзӣ тамоми маълумоти марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар Туркия қарор доранд, пайгирӣ дорад», - зикр карданд дар ВКХ ва афзуданд, ки айни замон перомуни шумори шаҳрвандони тоҷики дар музофоти Вани Туркия қарордошта, маълумоти дақиқ надоранд.

Шабакаи телевизионии «Ал-Арабия» қаблан хабареро интишор сохт, ки шумори ҳалокшудагон бар асари ин офати табиӣ метавонад аз 500 то ҳазор нафарро ташкил диҳад, аммо ин маълумот ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Феълан шумори фавтидагон бар асари ин заминларза 250 нафарро ташкил медиҳад.

Васоити ахбори умуми маҳаллӣ хотирнишон месозанд, ки соли 1976 низ дар шаҳри Ван ба ин монанд заминларза рух дода, бар асари он 3840 нафар ҳалок шуда буданд.

Шаҳри Ван дар минтақаи ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Эрон воқеъ буда, аҳолиаш ҳудуди 320 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.