Бар асари садамаи нақлиёт, ки шаби 5 ба 6-уми феврали соли равон дар километри 380-уми шоҳроҳи Санкт-Петербург – Маскав, дар ҳудуди шаҳри Валдайи вилояти Новгороди Русия рух дод, се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Тавре аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, автомашинаи сабукрави тамғаи ВАЗ-21150, ки дар дохилаш шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур доштанд, ба нақлиёти боркаши тамғаи Volvo FH13.440 (ФУРА), ки ба самти муқобили онҳо ҳаракат мекард, бархӯрда, дар натиҷа онҳо ба ҳалокат расидаанд.
«Фавтидагон зодаи ноҳияи Бохтар Рустами Муроди 33-сола, сокини ҳамин ноҳия Обидҷон Саидмуродови 31-сола ва истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Ҳалимҷон Назарови 31-сола мебошанд», - гуфтанд дар сафорат.
Ба иттилои манбаъ, мусофирони нақлиёти боркаш осеби ҷисмонӣ дида, дар ҳоли ҳозир дар шифохона қарор доранд.
Зикр гардид, ки ҷасадҳо 8 феврал тавассути ҳавопаймо ба ватан фиристода хоҳанд шуд.
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Як ҳафта танаффус. Дастикам 30 нафар алайҳи чеҳраҳои боздоштшуда шаҳодат додаанд
Чӣ гуна чангу ғубор ба пиряхҳои Тоҷикистон таъсир мерасонанд?
Ҳайати ҳукумати “Толибон” дар Ӯзбекистон. Онҳо аз Самарқанду Бухоро дидан кардаанд
Оғози мавсими “шикор”-и хлопушка. Мусодираи беш аз 21 ҳазор маводи тарфгарӣ дар Суғд
Якбора 3 размикори тоҷик соли 2025-ро бо рақобатҳои нав оғоз мекунанд. Ҳарифонашон кистанд?
Боздошти як зан дар Зафаробод бо гумони қатли фарзанди “угаяш”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста