Дар роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, ки пойтахтро ба минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, як автомашинаи боркаши КАМАЗ зери тарма монда, дар натиҷа ронандаи автомашина ҳалок шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ, то субҳи рӯзи сешанбе аз миёни тармаҳо дар қитъаи роҳи Анзоб 22 автомашина раҳо карда шуданд. Тибқи маълумоти пешакӣ, то ҳанӯз боз 50 автомашина дар асорати тармаҳо қарор доранд.

Дар бораи шумори дақиқи шахсоне, ки айни замон дар асорати тармаҳо қарор доранд, аз КҲФ ва МГ маълумот дастрас нагардид.

Феълан корҳои тозакунии роҳ аз барфтӯдаҳо идома доранд. Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, айни замон мақомоти раҳбарии вазорат дар қитъаи роҳи мазкур қарор дошта, бевосита ба корҳо роҳбарӣ менамоянд.

Ба корҳои тозакунии роҳ 12 адад техника сафарбар шуда, то шоми рӯзи душанбе аз 43 то 62-ум километри қитъаи роҳ тоза карда шудааст. Қитъаи роҳи аз 62 то 71-ум километр то ҳол зери барфтӯда аст.