Бар асари якбора гарм шудани обуҳаво дар манотиқи куҳистони ҷумҳурӣ ҳодисаҳои зиёди тармафароӣ ба мушоҳида расиданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, аз ҳама бештар тарма ба рустои Вранги ноҳияи Ишкошими Бадахшон зарар расонидааст. Ин ҷо дар таърихи 25-уми март бар асари фаромадани тарма ду манзили зисти сокинон пурра ва шаш хона қисман хароб шудаанд. Офат ҳамчунин ба мактаби деҳа низ хисороти назаррас ворид сохтааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи тармафароиҳо рӯзи 26-уми март дар чанде аз қисматҳои роҳи автомобилгарди Хоруғ-Мурғоб дар қаламрави ноҳияи Шуғнон, айни замон ҳаракати нақлиёт тавссути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ ва Хоруғ-Мурғоб ғайриимкон шудааст.
Худи ҳамон рӯз тарма роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Ҷиргатол (километри 239-240)-ро бастааст, аммо шоми ҳамон рӯз роҳ аз барфреза тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт барқарор гардидааст.
«Феълан дар ағбаҳо ва роҳҳои мошингарди манотиқи куҳистони кишвар хатари тармафароӣ вуҷуд дорад ва мо аз ронандагон боисрор талаб мекунем, ки муваққатан аз сафар ба минтақаҳои дурдаст худдорӣ намоянд», - гуфтанд дар КҲФ ва МГ.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста