Рӯзи гузашта шаҳрвандон Файзуллоев С. сокини кӯчаи Рӯдакӣ, корманди нуқтаи мубодилаи асъор, ва Саидов Х. истиқоматкунандаи кӯчаи Амиршоев дар автомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла», ҳангоми аз манзили истиқоматиашон баромадан, дучори ҳуҷуми роҳзанона гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ду нафар шахсони номаълуми ниқобпӯш тахмин меравад, ки бо яроқи пневматикӣ ба онҳо ҳуҷум намуда, сумкаи варзишӣ, ки дар дохилаш 90 000 доллар ИМА буд, тасарруф намуда, дар автомашинаи тамғаи «Тойота-Марк» ба самти маҳаллаи Зарафшон раҳсипор мешаванд. «Онҳо дар роҳ аз яроқи пневматикӣ тир кушода, автомашинаи мазкурро назди бинои 29, воқеъ дар маҳаллаи номбурда мепартоянд ва баъдан бо зӯрӣ автомашинаи тамғаи «Нексия»-и шаҳрванд А. Мустафоро аз худ мекунанд ва дар он савор шуда, ба самти ноҳияи Ҳисор ғайб мезананд. Ҳамон рӯз соатҳои 16-10 автомашинаи мазкур дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор ёфт гардид», - гуфтанд дар вазорат.
Ба иттилои манбаъ, бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимов Рамазон Ҳамроевич оид ба муайян ва дастгир намудани ашхоси ҷиноятпеша гурӯҳи махсуси тафтишотӣ-фаврӣ созмон дода шуда, рафти тафтиши ин ҷиноят таҳти назорати қатъӣ қарор дорад.
Шаҳрвандоне, ки дар ошкору дастгир кардани ҷинояткорон кӯмак мекунанд, аз ҷониби роҳбарияти Вазорат қадршиносӣ карда мешаванд.
94% марзи Тоҷикистону Қирғизистон муайян шуд. Баъди 3 соли баста будан, сарҳади ду кишвар боз мешавад?
Ҷустуҷӯи ҷасади Рӯзигули 13-сола баъди 8 моҳи ғарқшавияш. Масъулин сабаби таъхири кофтуковро шарҳ доданд
Дар шаҳрдории пойтахт чӣ гуна мехоҳанд мушкили ифлосшавии кӯчаҳоро бартараф кунанд?
Вазири маориф: “Волидон ба истифодаи планшету телефон дар мактаб розӣ нашуданд”
“Ҳама иншооти сайёҳиро месанҷанд”. Нигаронии раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ аз кам будани шаркатҳои сайёҳӣ
Раҳим Саидзода: Дар Тоҷикистон 2 ҳазору 670 омӯзгор намерасад
Киҳо аз ҳама зиёдтар аз истифодаи барқ қарздоранд?
Имрӯз дар Париж Бозиҳои олимпӣ оғоз мешавад
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Фаросати Луқмон”
Агентӣ: Имсол об барои обёрӣ дар Тоҷикистон камбуд намешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста