Субҳи имрӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази зизлиласанҷии Душанбе хабар доданд, заминларза соати 07:07 ба вақти маҳаллӣ рух дод.

Маркази заминларза дар 110 километрии ҷанубу шарқии шаҳри Душанбе ва 32 километрии ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб воқеъ буд. Дар марказ қувваи заминларза 4-5 баллро ташкил дода, дар Кӯлоб ба 4 балл ва дар шаҳри Душанбе ба 2 балл баробар буд.

Дар бораи талафоти ҷонӣ ва харобиҳо маълумот нарасидааст.