Нимсолаи аввали соли равон дар 280 ҳодисаҳои офати табиӣ дар Тоҷикистон 25 нафар ба ҳалокат расиданд, - гуфт зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ Хайриддин Абдураҳимов.
Барои муқоиса: дар нимсолаи аввали соли гузашта дар Тоҷикистон 78 ҳодисаҳои офати табиӣ рух дода, бар асари он 8 нафар ба ҳалокат расида буданд.
«Ғайр аз ин, офатҳои табиӣ ба харобии 835 манзили зист ба маблағи умумии ҳудуди 44 млн. сомонӣ боис гардида, 204 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуд», - изҳор кард Абдураҳимов.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми зарар аз офати табиӣ дар шаш моҳи соли равон беш аз 57,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ин давра бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ зимни шиновариву оббозӣ дар кӯлу обанборҳои кишвар 40 нафар ғарқ шуданд.
Зикр гардид, ки дар моҳҳои январ-майи соли равон аз ҷониби наҷотдиҳандагони касбии кумита 272 амалиёти ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ гузаронида шуда, дар натиҷа 834 нафар аз марг наҷот дода шуданд.
Кор дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина барои муҳоҷирон чӣ хатар ва паёмад дорад?
Панҷ мусофири як мошин дар дарёи Панҷ ғарқ шудаанд
Даргузашти Саидмурод Мардонов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ва ҳаҷвнигори шинохта
Дар Тоҷикистон аввалин Нуқтаи миллии мубодилаи интернет-трафик ба фаъолият оғоз кард
Роҳбари нави БДА кист ва ӯ бояд кадом мушкилиҳои мубрами ин сохторро ҳал кунад?
Сарраёсати маорифи Душанбе бори дигар аз манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабу кӯдакистонҳо таъкид кард
Парлумони Тоҷикистон Шартнома оид ба сарҳад миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро тасвиб кард
Ҷасади 6 муҳоҷири тоҷикро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон равон карданд
Ситораҳои футболи Тоҷикистон аз ситораҳои футболи Русия шикаст хӯрданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Як рӯзи хазонрез”, қисми 4
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста