Дар Душанбе бо иштироки писари мансабдори баландпояи давлатӣ садамаи нақлиёти навбатӣ рух дод.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, садама соати 8-и шоми рӯзи 14-уми август дар мавзеи буриши кӯчаҳои Шестопалов-Қарабоев, дар рӯ ба рӯи бинои шуъбаи раводид ва бақайдгирии пойтахт ба вуқӯъ пайвастааст.
«Автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» таҳти идораи Неъматулло Раҳматови 55-сола ва автомашинаи тамғаи «Лексус»-и муталлиқ ба Ораз Раҳматуллоеви 30-сола бо ҳам бархӯрданд», - гуфт манбаъ.
Таври маълум, ахирӣ писари мушовири давлатии президенти Тоҷикистон оид ба сиёсёати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев аст.
Зикр гардид, ки бар асари садама ронандаи автомашинаи «Опел» ҷароҳатҳои вазнин бардошта, баъди гузашти чанд муддате дар шифохона ба ҳалокат расидааст.
«Аз рӯйи ин далел тафтишот идома дошта, гунаҳкори садама пас аз баргузории ташхис муайян карда хоҳад шуд», - афзуд манбаъ.




Аз ҳамлаҳои шадид ба Телавиву Теҳрон то зарбаи Амрико ба ҷазираи стратегии Хорки Эрон
Нафаре, ки Трампро таҳдид мекунад ва товони шаҳидон металабад. Алии Лориҷонӣ кист?
Коршинос: “Гардиши мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад боз 40% зиёд шавад”
“Мушкил бартараф шуд ва ҳоло ҳама хидматрасониҳо дастрасанд ”. “Душанбе Сити Бонк” ҳамлаи DdoS ба пойгоҳҳояшро шарҳ дод
Зиндагӣ миёни пули интиқолӣ. Чаро барои сокинони деҳоти Тоҷикистон саводнокии молиявӣ зарур аст?
Амрико барои пешниҳоди иттилоъ дар бораи Муҷтабо Хоманаӣ ва чанд мақомдори Эрон то $10 млн ҷоиза таъин кардааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 46
“Шабе беҳтар аз ҳазор моҳ”. Имсол Шаби қадр кай аст?
Тоҷикистон ва БОР стратегияи шарикиро барои солҳои 2026-2030 ба имзо расониданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста