Муддати се рӯз аст, ки наҷотдиҳандагон ҷасадҳои дар садамаи нақлиёт фавтидаи волидайн ва се нафар кӯдакони синнусоли аз 5 то 15-солаи онҳоро дарёфт карда наметавонанд. Садамаи нақлиёти мазкур рӯзи 26-уми август дар километри 110-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА-и ВКД, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» Даврон Ғафурови 36-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Митсубиси Паҷеро» таҳти идораи Бахтиёр Абдуллоеви 41-сола бармехӯрад.

Дар натиҷаи ин бархӯрд автомашинаи «Мерседес» ба рӯдхонаи Фондарё сарозер рафта, ҳамаи аъзои оилаи Ғафуровҳо дар дарё ғарқ шуданд.

Дар ҳамин ҳол, ба амалиёти ҷустуҷӯ ширкати алоқаи мобилии «Tcell» низ бипайваст, ки саробони оила Даврон Ғафурови 36-сола дар онҷо фаъолият дошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз идораи ширкати мазкур хабар доданд, чанде қабл ба муштариёни ширкат аз ноҳияҳои Айниву Панҷакент sms-паёмак фиристода шуда, дар он дархост мегардад, ки дар сурати пайдо шудани ҷасадҳо дар рӯдхонаҳои Фондарёву Зарафшон ба телефони 92-806-66-66 занг зананд.