Донишҷӯйи соли аввали Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз ошёнаи чоруми хобгоҳ ба замин афтид.

Донишҷӯдухтар ба Маркази миллии тиббӣ оварда шуда, табибон вазъи ӯро хеле вазнин арзёбӣ мекунанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи таҳлил, назорат ва робита бо ҷомеаи донишгоҳ Шодмон Аҳмедов хабар дод, ҳодисаи мазкур субҳи рӯзи 8-уми октябр рух дода, тибқи гуфтаҳои ҳамдарсон, ин замон онҳо онҷо ҳузур надоштаанд.

Бо такя ба гуфтаҳои ҳамдарсони донишҷӯдухтар, ки баҳри таҳсил аз ноҳияи Восеъ ба пойтахт омадааст, Ш.Аҳмедов мегӯяд, субҳ ӯ ҳамроҳи ҳама ба дарс раҳсипор гардида, сипас дафтарҳои фаромӯшшударо ба хотир меорад ва ба хобгоҳ бармегардад. «Ҳамдарсонаш ҳамчунин изҳор карданд, ки чанд рӯзи ахир духтар ба дарди зуком гирифтор буд ва шояд барои нафаси тоза гирифтан тирезаро кушода, сараш чарх задаст ва аз тиреза ба берун афтодааст», - гуфт ӯ.

Дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Сино, ки ба таҳқиқи ин ҳодиса машғул аст, иттилоъ доданд, ки айни замон тамоми ҷузъиёти ҳодисаи рухдода мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор доранд.