Бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Суғд толибилми синфи 10-уми шаҳри Чкаловск Мастура Саидбеекова ба ҳалокат расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, нимаи рӯзи 15-уми ноябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Муссо», сокини 59-солаи ноҳияи Ишкошими ВМКБ Мулло Муллоев наврасро ҳангоми аз роҳ гузаштан бо воситаи нақлиёт пахш намуда, ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон мунтақил мегардад ва рӯзи 20-уми ноябр ба ҳалокат расидааст.
Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел нисбат ба М.Муллоев мутобиқи моддаи 212, қ.2-и КҶ ҶТ (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракатӣ роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон инсон гаштааст) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, соли равон дар роҳҳои мошингарди минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 70 ҳодисаи садамаи нақлиёт бо иштироки ноболиғону кӯдакон (ҳамин давраи соли 2011 – 71 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 26 нафар ноболиғон (соли 2011 – 23 нафар) ба ҳалокат расидаанд.



Хабарҳои зиддунақиз дар бораи кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймонӣ
“Фикр кардам корманди бонк аст ва рамзро гуфтам”. Қаллобон чӣ тавр пули сокинонро аз ҳамёну суратҳисоб медузданд?
Гӯсфанди Ғурм, бузи Морхӯр ва хирси тиёншонӣ. Шикори кадом ва чанд ҳайвони нодир дар кишвар иҷоза дода шуд?
“Бо як занги телефон $2 ҳазорро гирифтанд”. Чӣ тавр қаллобон суратҳисоби сокинони Тоҷикистонро ғорат мекунанд?
Маоши миёнаи кормандон дар Тоҷикистон дар як соли ахир 17,3% афзудааст
Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд
РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад
Раёсати беҳдошти замин ва обёрии Суғд 900 кормандашро ба рухсатии бемузди муваққатӣ фиристодааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48
Навбат барои гӯшту тухм. Нархи маҳсулоти хӯрокворӣ дар намоиш-фурӯш чанд ва сифати он чӣ гуна аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста