Дар шаҳри Хуҷанд духтари 20-солае боздошт гардид, ки бо автомашинааш раҳгузареро пахш намуда, аз ҷойи ҳодсаи ғайб зада буд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди хадамоти матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, шоми рӯзи панҷшанбеи ҳафтаи равон зимни ҳаракат дар роҳи кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Хуҷанд ронандаи автомашинаи тамғааш номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, сокини 30-солаи шаҳрро, ки дар канори роҳ қарор дошт, пахш мекунад ва аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
«Ронанда дарҳол ҷойи ҳодисаро тарк намуда, ба Д.Шамсиддинови осебдида кӯмак нарасонид ва баъдан ахирӣ ба бемористон мунтақил гардид», - гуфтанд дар раёсат.
Ба иттилои манбаъ, баъди муддати начандон зиёд ба гумони даст доштан дар ин амал ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», ҷавонзани 20-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Мадина Холбекова боздошт шудааст.
Зимнан зикр гардид, ки бобати нисбати боздоштшуда боз кардани парвандаи ҷиноӣ мутобиқи моддаҳои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дар ҳолати хатарнок гузоштани ҷабрдида чораҷӯӣ мешавад.



Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 ноябри соли 2025
Пул, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ҷойи зист… Донишҷӯёни тоҷик чӣ мушкил доранд ва онро чӣ гуна ҳал мекунанд?
Ҷазои садҳо кас барои ифлоскунии ҳаво. Мақомот огоҳ мекунанд, ки сӯзонидани хазон ҷавобгарӣ дорад
Ҳукми зиндони Парвиз Одинаев, ки ба куштори писари 15-солааш муттаҳам буд, содир шудааст
Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд меравад? Чанде аз роҳҳои вилоят се рӯз баста мешаванд
Суруданду рақсиданду ашк рехтанд. Ҷашни 60-солагии “Гулшан” чӣ гуна гузашт?
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки дар Душанбе Маркази минтақавии ҳуши маснӯӣ таъсис дод шавад
Ҳайати баландпояи Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ мулоқот кардааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 22
Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба ҳамсояҳояш зудтар рушд мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста