Рӯзи 28-уми ноябр дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳри Бердски вилояти Новосибирски Русия дар дохили воситаи нақлиёт ҷасади чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Абдухалил Набиеви 24-сола, Абдулаҳад Набиеви 22-сола, Тӯйхони Набизодаи 20-сола ва Комрони Набизодаи 18-сола дарёфт шудааст.

Бино ба маълумоти намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия, ҳамаи фавтидагон сокинони ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд буда, бо ҳам риштаи хешутаборӣ доштаанд.

Тибқи хулосаи пешакии коршиносон, шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари заҳролудшавӣ аз газ ба ҳалокат расидаанд, зеро тамоми шаб дар дохили автомашина қарор дошта, барои гармшавӣ аз низоми гармидиҳии нақлиёт истифода бурдаанд.

Гуфта мешавад, фавтидагон як муддати муайян дар иншооти сохтмоние, ки дар наздикии ҷойи дарёфти ҷасадҳояшон воқеъ аст, машғули кор будаанд.

Айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тафтишоти шаҳри Бердск ҳодисаро мавриди таҳқиқ қарор дода, масъалаи боз кардани парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад.