Сокини 53-солаи ҷамоати Гулхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов Мурод Маъмуров ҳангоми ҷанҷоли оилавӣ бо корд ба писари 34-солааш чанд зарба мезанад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ҶТ хабар доданд, писар аз ҷойи ҳодиса гурехта, ҷон ба саломат бурдааст. Айни замон ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона қарор дорад.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Ҷаббор Расулов парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Қобили зикр аст, ки шурӯъ аз оғози соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 29 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 ҳолат камтар мебошад.