Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ як кӯдаки 7-моҳа бар асари беназорат гузоштани ӯ дар назди сандалӣ ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, ин фоҷеа субҳи рӯзи чоршанбеи ҳафтаи равон дар ҷамоати Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, аз ҷароҳатҳои сӯхта кӯдак дар роҳ ба бемористон фавтидааст. Зимни азназаргузаронии ҷасади кӯдак аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт нашуда, ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.