Чанде қабл дар канори шаҳри Душанбе як ҳодисаи фоҷебаор ба вуқӯъ пайваст. Як мард дар ҳолати мастӣ шахси ба ӯ қарздорро то ба марг расидан лату кӯб кардааст.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, кормандони милисаи ноҳияи Рӯдакӣ-2 ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят сокини шаҳри Ваҳдат Сангалӣ Шарифови 29-соларо боздошт намудаанд.

«Ӯ дар ҳолати мастӣ сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Ҷонмаҳмад Каримовро, ки аз ӯ 2 ҳазору 500 доллари ИМА қарздор будааст, ба вохӯрӣ даъват намуда, ӯро лату кӯб ва сипас сарашро ба занг задаст», - зикр мегардад дар хабари ВКД.

Ба иттилои манбаъ, Ҷ.Каримов аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.