Тафтиши ҳодисаи садамаи нақлиёте, ки субҳи рӯзи 23-юми декабр дар маркази шаҳри Душанбе рух дода, бар асари он бародарон – дугоникҳо Амир ва Тимур Пешковҳо (Ғуломовҳо) ва ҳамчунин дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расида буданд, тӯл мекашад.
Сардори маркази матбуоти Шуъбаи БДА-и Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки сабаби тӯл кашидани ҷараёни тафтишот бемории сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян аст, ки он замон автомашинаи тамғаи «Лендровер» таҳти идораи ӯ қарор дошт.
«Н. Дериникян ҳоло пурра ба ҳуш наомада, вазъи имрӯзаи ӯ имкон намедиҳад, ки муфаттишон ҷузъиёти садамаро аз ӯ ҷӯё шаванд», - зикр кард Латифов.
Ёдрас мекунем, ки субҳи рӯзи 23-юми декабри соли сипаришуда ронандаи автомашинаи тамғаи «Лендровер», хатмкардаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав, сокини 23-солаи пойтахт Назар Дериникян ҳангоми ҳаракат дар майдони Дӯстии хиёбони Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, бо суръати баланд ба бинои Почтаи марказии Душанбе (Главпочтамт) бархӯрд.
Бар асари бархӯрд таркиш ба вуқӯъ пайваста, дар ҷойи ҳодиса се нафар мусофирони «Лендровер» - Амир ва Темур Пешковҳои 24-сола ва ҳамсояву дӯсти онҳо Ориён Ҷӯраев ба ҳалокат расиданд. Ронанда бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуда буд.




Нархи патент боз дар кадом минтақаи Русия гарон шуд? Ном ба ном
Сафорати Чин аз шаҳрвандонаш дар Тоҷикистон ва Афғонистон хост, ки ба минтақаҳои марзӣ сафар накунанд
Аз имтиёзҳои нав ба довталабон то таъсиси пойгоҳи ягонаи электронӣ. Дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ тағйир ёфт?
Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд
Марги як ҷавони 19-сола дар пайи муноқишаи гурӯҳӣ дар Русия. Расонаҳо гумонбарро зодаи Тоҷикистон мегӯянд
Дар радабандии нави ФИФА тими миллии Тоҷикистон дар зинаи 100-ум қарор гирифт
Қазияи муноқиша дар “Парламент”. Ба ҷойи додситони барканоршудаи Бӯстон то ҳол касе таъин нашудааст
“Тафтиш мекунем”. Вокуниши Толибон ба даргирӣ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон
Ҳушдори Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши барфи шадид дар Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 8
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста