Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид,, бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад ва намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода, аз шарҳи ҷузъиёти дигар худдорӣ карданд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 29-уми декабр дар мавзеи буриши кӯчаи Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ як  автомашина ба роҳгузар, сокини 52-солаи пойтахт, соҳибкори инфиродӣ Неъматҷон Бӯриев бармехӯрад. Худи ҳамон рӯз ин роҳгузар аз ҷароҳатҳои бардошта дар Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) ба ҳалокат мерасад.

Бино ба иттилои роҳбари департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев, дар мавриди ин ҳодиса ба унвони сафорати ИМА нотаи дахлдор ирсол гардида, дар ВКД ва ВКХ бо намояндагони сафорат вохӯриҳо доир гардидаанд. Ба оилаи ҳалокшуда КВД «Тоҷикдипсервис» кӯмаки ҳуқуқӣ мерасонад.

Тибқи иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ОИ «Азия-Плюс», то имрӯз сафорати ИМА автомашинаи таҳти рақами 004 D 005-ро барои азназаргузаронии техникӣ пешниҳод накардааст. Ба қавли шоҳидони ҳодиса, маҳз автомашинаи дорои чунин рақам пиёдагардро пахш кардааст.

Бино ба маълумоти мавҷуда дар ОИ «Азия-Плюс», автомашинаи Volkswagen Tuareg дар ихтиёри корманди сафорат Фэррер Дэвид қарор доштааст. Муфаттиш оид ба корҳои махсусан муҳими пулис барои баррасии ҳодисаи мазкур аз ИМА ба Тоҷикистон омадааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари фавтида дар садама хабар дод, дар бораи ҷараёни тафтиши ҳодисаи мазкур ӯ огаҳӣ надорад. «Яона чизи ба ман маълум он аст, ки гӯё гунаҳкори садама ва ҳамсари ӯ аллакай қаламрави Тоҷикистонро тарк кардаанд», - гуфт Акбар Бердиев.