Соати 22-у 47 дақиқаи шаби гузашта дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии шаҳри Душанбе хабар доданд, маркази заминларза дар 175 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ буд.

Ба иттилои манбаъ, қувваи заминларза дар маркази он 4 балл ва дар ВМКБ 3 баллро ташкил додааст. Дар Душанбе заминларза эҳсос нашуд. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашуданд.