Тайи ду рӯзи ахир дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ боз се нафар даст ба худкушӣ заданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл сокини 63-солаи ҷамоати Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Т.А. дар манзили зисташ худро ба дор овехтааст.

«Дар ноҳияи Ғончӣ марди 45-сола, соҳиби чор фарзанд М.К. ва дар ҷамоати Шободи ноҳияи Ашт низ сокини 56-сола бо ҳамин восита даст ба худкушӣ задаанд», - гуфтанд дар раёсат.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯйи ин далелҳо тафтишот ҷараён дошта, сабабҳои ба ин амал даст задани шахсони зикршуда мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд, моҳи январи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ 18 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан (ҳамин давраи соли 2012 низ 18 ҳодиса), аз ҷумла 3 ҳодиса кӯшиши худкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Миёни онҳо 7 нафарашонро мардону 1 нафарро писарчаи ноболиғ ва 10 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.