Шаҳрванди Тоҷикистон, мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Маскав қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо ба майдони ҳавоии Внуковои пойтахтти Русия ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости, тибқи маълумоти пешакӣ шаҳрванди Тоҷикистон аз маводи мухаддири дохили меъдааш заҳролуд шудаааст. Ҳодиса соати 8-и субҳ ба вуқӯъ пайвастааст.

Хабаргузории Интерфакс бо истинод ба хадамоти таъҷилии Маскав иттилоъ медиҳад, ки зимни парвоз вазъи яке аз мусофирон бад шуда, то барои ба фурудгоҳи Маскав расидан вақти начандон зиёде монда буд ва тасмим гирифта мешавад, ки ҳавопайморо ба нуқтаи таъинот фуруд оварда, ёрии таъҷилии тиббӣ даъват карда шавад, аммо қабл аз фуруд омадани ҳавопаймо мусофир фавтидааст.

Нашрияи «Российская газета менависад, дар Вазорати корҳои дохилӣ нашъаҷаллоб будани фавтидаро аз эҳтимол дур намедонанд. Як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гуфтааст, марги мусофир яқинан бар асари кафидани яке аз контейнерҳои дорои маводи мухаддири дохили ҷисмаш рух додааст. Айни замон ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.