ҶСК «Корхонаи таъмиру вагонсозии Тошканд» таъмир ва ба ҳолати коршоям овардани 8 вагони Тоҷикистонро, ки бар асари садамаи рӯзи 10-уми октябр зарар диданд, ба дӯш гирифт. Маҳз 8 вагони қатораи самти Душанбе-Хуҷанд, ки бар асари садама дар қитъаи роҳи оҳани вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳ канор рафта чаппа шуданд, зарар диданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар доданд, хунукназарии роҳиоҳанчиёни ӯзбек баръало возеҳу аён буд, зеро дар ин қитъаи роҳ аз ҷониби корхонаи «Ӯзбекистон темир йӯллари» корҳои таъмир гузаронида шуда, вале ҷониби Тоҷикистонро аз ин огоҳ накарда буданд.
«То ҷое, ки мо огаҳӣ дорем, дар натиҷаи ин садама раҳбарияти кишвари ҳамсоя чанде аз мансабдорони воломақоми ӯзбекро аз кор озод ва чандеи дигарро танбеҳ додааст. Ҳодиса таҳқиқ ва дар маҳалли воқеъа санҷида шуда, сабаби он бе ин ҳам возеҳу аён буд ва мутахассисони тоҷик ба ватан баргаштанд», - гуфтанд дар корхона.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ин қитъаи роҳ корҳои таъмир ба итмом расида, субҳи имрӯз қатораи масири Душанбе-Хуҷанд бо наваскрони тоҷик ба минтақаи шимоли кишвар раҳсипор гардид.
«Қатораи Душанбе-Хуҷанд доимӣ амал накарда, аз рӯи зарурат ба роҳ сафарбар мешавад. Ин дафъа бо ин қатора натанҳо мусофирони қаторӣ, балки хизматчиён ва наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда ба маҳалли таъинот фиристода шуданд», - гуфт манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шумори маҷрӯҳоне, ки бар асари ин садама ҷароҳат бардоштанду айни замон дар муассисаҳои тиббии вилояти суғд қарор доранд, 38 нафарро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз госпитали ҳарбии шаҳри Чкаловск , ки дар он афроди осебдида аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд, наваскарони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда муолиҷа мегиранд, боздид намуд.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста