Дар мавзеи Каслии роҳи мошингарди Челябинск – Екатеринбург қариби соати 7-и субҳи имрӯз бар асари бархӯрди микроавтобусҳои «Опел» ва «Газел» ба ҳамдигар се нафар ҷон бохтаанд, ки ду нафарашон шаҳрванди Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Ӯзбекистон будаанд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов, шахсияти шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон муайян карда шуда, инҳо сокини 56-солаи деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнии вилояти Суғд Шодӣ Шодиев ва сокини 29-солаи деҳаи Доваи ноҳияи Рашт Зоҳирҷон Раҳимов будаанд.
Ба иттилои манбаъ, айни замон дар ҷойи ҳодиса корҳои тафтишотӣ роҳандозӣ шуда, дар бораи натиҷаҳояш ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.
Зикр мегардад, ки замони бархӯрд дар автомашинаи «Опел», ки аз шаҳри Челябинск ба шаҳри Екатеринбург раҳсипор будааст, 8 нафар мусофир қарор дошта, 5 нафари онҳо осеб надидаанд.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста