Боришоти шадиди рӯзҳои ахир дар минтақаи ҷануби кишвар рӯз то рӯз қурбониҳои нав ба бор меоварад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон хабар дод, дар яке аз маҳаллаҳои аҳолинишини ин ноҳия бар асари офати табиӣ як ҷавон ба ҳалокат расидааст.

Ба гуфтаи манбаъ, селфароӣ дар маҷмӯъ ба 84 манзили зист зарар расонида, 6 манзил пурра ва 17 хона дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. «Дар чанде аз деҳаҳо чорвои хонагӣ низ талаф ёфт», - иброз дошт сарчашмаи хабар.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти алҳол тасдиқнашуда, дар натиҷаи фаромадани сел дар ноҳияи Шӯрообод боз як талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шуда, маҷрои сел занро бо худ бурдааст. Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ обуҳаво номусоид боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки офатҳои табиии рӯзҳои 12-13-уми апрел дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 15 кушта бар ҷой гузошт. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бар асари ин офатҳо дар ноҳияи Шӯрообод - 13 нафар, дар ноҳияи Ҳамадонӣ - 1 нафар ва дар ноҳияи Восеъ як нафари дигар ба ҳалокат расиданд.