Бар асари садамаи нақлиёт дар минтақаи ҷануби кишвар шаш нафар ба ҳалокат расиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матуоти ВКД ҶТ, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» сокини 28-солаи ноҳияи Панҷ Далерҷон Боймуродов ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Қурғонтеппа-Румӣ дар қаламрави ноҳияи Бохтар бо суръати баланд ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс» таҳти идораи сокини 32-солаи Душанбе Умедҷон Эмомов бармехӯрад.
Ба иттилои манбаъ, аз зарбаи сахт автомашинаи таҳти идораи Эмомов ба хатти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «КамАЗ» бархӯрдааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи садама мусофирони «Мерседес-Бенс»-и дуюм, сокинони пойтахт – Фарзона Эмомоваи 26-сола, Рухшона Эмомоваи 27-сола, Парвина Эмомоваи 36-сола ва Беҳзод Ғафурови 6-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Ду тан аз мусофирони ин автомашина – Равшан Эмомови 2-сола ва Роҳила Ғафуроваи 5-сола аз ҷароҳатҳои бардошта дар бемористон фавтидаанд. Ронанда У.Эмомов, Хуршеда Эмомоваи 4-сола ва Ҳидоят Ишматоваи 56-сола дар бемористон бистарӣ шудаанд.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста