Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Санкт-Петербург – Пскови Русия нимаи рӯзи 8-уми феврал 5 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳамаи ҳалокшудагон зодагони шаҳри Конибодоми вилояти Суғд – Яқубов Фарҳод Юсуфҷонович, соли таваллудаш 1982; Аҳмадова Мунира, с/т 1966; Ҳоҷиева Шаҳло Маҳкамбоевна, с/т 1979; Қозиев Абдусаттор, с/т 1967 ва Усмонов Комилҷон, с/т 1965 мебошанд.

Бино ба гуфтаи манбаъ, автомашинаи сабукраве, ки дар дохилаш шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доштаанд, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Волво» бархӯрдааст. Тибқи фарзияи пешакӣ, ронандаи автомашинаи сабукрав Фарҳод Яқубов сари чанбараки автомобил хобаш бурдааст.

Зимнан зикр гардид, ки айи замон сафорати Тоҷикистон дар Русия ва намояндагии Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати интиқоли ҷасадҳои ҳалокшудагон ба ватан тадбирҳои зурурӣ меандешанд.

Ҳамчунин Аҳмадов иттилоъ дод, ки рӯзи 6 феврал бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Калугаи Русия зодаи шаҳри Норак Расулова Шарофат Файзуллоевнаи 50-сола низ ба ҳалокат расида, ҳамсари ӯ Файзуллоев Сайфулло дар ҳолати вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.