Тармае, ки рӯзи 22 феврал дар километри 156-уми роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд фаромад, автомашинаи боркаши «Дулан»-ро ба ҷарии 300-метра сарозер афканд.

Котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ориф Нозимов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса дар ағбаи Шаҳристон рух дода, дар кабинаи автомашинаи боркаш ронада – сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд А.Солеҳхоҷаев ва боз ду нафар сокинони Хуҷанд – бародарон Ином Нуралиеви 40-сола ва Илҳом Нуралиеви 38-сола қарор доштаанд. «Айни замон кормандони Кумита ба ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо машғуланд», - иброз дошт ӯ.

Бино ба маълумоти КҲФ ва МГ, чанде қабл дар роҳҳои мошингарди самттҳои Душанбе – Хоруғ ва Хоруғ – Мурғоб якчанд ҳодисаҳои тармафароӣ ба қайд гирифта шуда, ҳаракати нақлиётро мушкил сохтаанд. «Феълан ба ҷуз ағбаи Хобуробот дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ, дигар тариқи ҳамаи ағбаҳо ҳаракати нақлиёт таъмин аст», - афзуд номбурда.