Миёни қурбониёни ҳодисаи сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал»-и шаҳри Қазон, ки рӯзи 11 март рух дод, 4 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доранд.
Сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират в шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бар асари сӯхтор дар ин маркази савдо зодагони ноҳияи Рӯдакӣ - Тӯраев Қосимҷон Аъзамхоҷаевич (санаи таваллуд 15.06.1971 сол) ва Ҳикматуллои Хайтуллохон (с/т 26.02.1992 сол) ва ҳамчунин зодагони ноҳияи Ёвон - Риёев Эмомалӣ Раҳматуллоевич (с/т 04.11.1984 сол) ва Давронов Алишер Азизович (с/т 08.11.1996 сол) ба ҳалокат расидаанд.
Сӯхтор дар маркази савдои «Адмирал» -и шаҳри Қазон рӯзона дар яке аз қаҳвахонаҳои ошёнаи якуми рух дода, аз марказ дар маҷмӯъ 650 нафар наҷот дода шуданд. Сӯхтор дар майдони 4 ҳазор метри мукааб хомӯш карда шуда, сохторҳои бино қисман хароб ва кӯчиданд. Шумори дақиқи ҳалокшудгаону осебдидагон то ҳол саҳеҳан маълум нест.
Бино ба иттилои радиои «Озодӣ» , сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ба наздикони қурбоншудагон дар ин сӯхтор изҳори ҳамдардӣ карда, хостори ироаи тамоми ёроиҳои лозим ба наздикони қурбониён ва осебдидагон шудааст.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста