Ахиран бино ахбори ахири бадастовардаи сафорати Тоҷикистон дар Русия, дирӯз (13 март) дар шаҳри Казон ҷасади яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон Қосимҷон Тӯраеви 44-сола, сокини шаҳри Душанбе дар яке аз қабристонҳои пойтахти Тотористон ба хок супорида шуд.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод бо истинод ба консули генералиии ҶТ дар Уфа Олимхон Шамсов хабар дод, ин кор бо ризоияти волидайн ва наздикони  марҳум дар доираи шариати исломӣ сурат гирифтааст ва ҷанозаи ҷавони тоҷик пешнамози намози ҷумъаи масҷиди "Оила" -и шаҳри Қазон қарор гирифтааст.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамчунин, имрӯз ҷасади Ҳикматуллои Ҳаётуллохони 23-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ тавассути хатсайри ҳавоии Қазон-Душанбе, ки ширкати ҳавопаймоии «Уральские авиалинии» иҷро мекунад, ба ватан ирсол гардид. Ҳароҷоти интиқоли ҷасадро ба пуррагӣ мақомоти ҳукумати Қазон бар дӯш гирифта, масъалаи интиқоли ҷасади ду тан шаҳрвандони Тоҷикистон мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.

Зимнан зикр гардид, ки Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Уфа  ҳамчунин бо ситоди Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия дар шаҳри Қазон ва дигар  мақомоти марбутаи ин қазия доимо дар тамос аст.

Ёдрас мекунем, ки қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия марги 4 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари сӯхтор дар фурӯшгоҳи «Адмирал»-и шаҳри Қазонро тасдиқ намуд.