Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ бародари хурдӣ аз дасти бародарбузург ба ҳалокат расид.

Роҳбари маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 20 июл миёни бародарон П.А.-и 41-сола ва П.И-и 34 сола муноқиша сар зада, бародари калонӣ ба қафаси синаи бародари хурдӣ бо корди хоҷагӣ ду зарба задааст, ки дар натиҷа ӯ аз захмҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел нисбати П.А. мутобиқи моддаи 104 (Одамкушӣ)-и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.