Бар асари садамаҳои нақлиёти шабонарӯзи гузашта дар роҳҳои мошингарди кишвар 4 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҳангоми ҳаракат аз тарафи маркази ноҳияи Ишкошим ба самти деҳаи Ширген ронандаи автомашинаи тамғаи «Чанху», марди 35-солаи ҳамин ноҳия дар гардиши деҳа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарёи Ганҷ чаппа шудааст, ки дар натиҷа мусофирон: марди 44-сола, ҷавондухтари 20-сола ва ҷавондухтари 17-сола, сокинони  н.Ишкошим дар дарё ғарқ шудаанд.  

«Барои дарёфт намудани ҷасадҳои номбурдагон чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯи идома дорад. Худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст», - қайд мешавад дар маълумоти ВКД,

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ин рӯз, ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2107”, марди 45-солаи сокини н. Данғара, ҳангоми ҳаракат аз самти н. Данғара ба самти ш. Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Шаҳбури ҷамоати деҳоти И.Шарифӣ аз ӯҳдаи идораии воситаи нақлиёт набаромада, дар мобайни роҳи мошингард нақлиёт чаппа шудааст.

«Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири хурдсолаш писарбачаи 12-солаи сокини ш. Душанбе, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудаанд ва дар беморхона писарбачаи ноболиғ ба ҳалокат расидааст», - зикр мегардад дар маълумот.