Муовини якуми раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон генерал-майор Рустам Шоҳиён ва муовини раиси Кумита полковник Ҷамшед Маҳмадзода рӯзи 13 январ бо гурӯҳи корӣ аз Вазорати мубориза бо ҳаводиси табиии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дидору гуфтушунид карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти КҲФ ва МГ-и Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо аз масоили табодули иттилооту таҷриба ёдовар шуда, Рустам Шоҳиён аз ҳамкориҳои дуҷониба дар самти фаъолият изҳори назар намуд ва кумаки башардӯстонаи ҳукумати Тоҷикистонро ба аҳолии зарардидаи ҷамоати Обиборики вилояти Бадахшони ин кишвар, ки дар пайи фаромадани ярч дар соли 2014 сурат гирифта буд, нишонаи возеҳи ҳамкориҳо арзёбӣ кард.
Гуфта мешавад, доктор Гулмуҳаммад Бедор, раиси вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зимни суханронӣ изҳори миннатдории мардуми азияткашидаи ин минтақаро ёдовар шуда, кумакҳои кишвари Тоҷикистонро, ки аз 200 тонна маводи зарурӣ иборат буд, яке аз аввалин кишвари дӯсту бародари кумакрасон қайд намуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар интиҳои мулоқот миёни гурӯҳи корӣ баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар сурат гирифт.
Мансаби нави Шодӣ Ҳафиззода ва исми сардорони нави раёсатҳои ВКД дар Суғду Рашт. Боз киҳо мансаб гирифтанд?
Шоҳрух Саидзода сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таъин шудааст
Ҳар як кӯдаки сеюм дар Тоҷикистон ба серӣ хӯрок намехӯрад
Дар як рӯз ду навраси дигар дар об ғарқ шуданд. Тавсияҳои КҲФ дар мавсими оббозӣ
Душанбе то моҳи сентябри соли оянда пурра ба электромобил мегузарад
Шӯрои олимпии Осиё барои сохтмони майдони варзиши сабук дар Душанбе 1,5 млн сомонӣ медиҳад
Аз Урдун шикаст хӯрд. Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба Ҷоми Ҷаҳон-2026-ро аз даст дод
Идомаи ҷанҷол дар ҲДТ. Усмонзода далелҳои иловагии худро ба Вазорати адлия пешниҳод кардааст
Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон тозатарин дар ИДМ эътироф шуд
Як мард барои куштори ҳамзисташ 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста