Се сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва як сокини шаҳри Душанбе ба куштори марди 38-солаи сокини пойтахт гумонбар дониста мешаванд.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 13 ноябр аз дохили канали обгузари ҳудуди ҷамоати деҳоти Дурбади ноҳияи Ҳисор, ҷасади марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, бо захми пушти сар дарёфт гардидааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар километри 12-уми канори шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, автомашинаи шахсии марҳум тамғаи “Опел-Зефира” дарёфт гардидааст.
Зикр мегардад, ки ба гумони даст доштан дар ин ҷиноят кормандони милитсия дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти Прокуратура се нафар марди 46, 47 ва 51-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакӣ ва марди 61-солаи сокини шаҳри Душанберо боздошт кардаанд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки айни замон гумонбаршудагон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ дар ин самт идома доранд.