Нимаи дуюми рӯзи 10 декабр дар дар нуқтаи сӯзишвории гази моеъ, воқеъ дар ноҳияи Бохтар, ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъа, дар ҳудуди шоҳроҳи  Қӯрғонтеппа сӯхтор ба амал омад. Хушбахтона, аз ин сӯхтор ҳеҷ кас осеб ва зарар надид.

Дарҳол ба ҷойи ҳодиса кормандони бастҳои оташнишонии РХДО вилояти Хатлон бо техникаю таҷҳизоти махсус ва дигар хадамотҳои дахлдор сафарбар шуда, сӯхторро хомӯш карданд, вале ин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ қариб комилан ба коми оташ рафт, ки бо оқибатҳои он аз гузориши тасвирии мо шинос шуда метавонед.

1/23