Корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб Марям Шарифзода назди манзилаш аз ҷониби ду нафар шахсони номаълум мавриди лату кӯб қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, шаби 16 май ду нафар афродни номаълум ба корманди шуъбаи корҳои дохилии шаҳр дарафтода, ӯро лату кӯб кардаанд.

«Ин ҳодиса замоне рух додааст, ки Марям Шарифзода аз хонааш дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ барои пулгузаронӣ ба телефонаш ба кӯча баромадааст, - гуфт манбаъ. - Ду нафар мардон ба ӯ ҳамла карда, бо пойҳояшон ӯро мавриди лату кӯб қарор додаанд. Айни замон ҷабрдида дар бемористон аст».

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки аз рӯи ин далел тафтишот оғоз шудааст.

Қаблан дар Кӯлоб шаби 14 май шахсони номаълум ба афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Муҳиддин Юлаев дарафтода, бо зарбаҳои корд ӯро маҷрӯҳ карда буданд.