Муҳоҷири тоҷик сокини 27-солаи ноҳияи Балҷувон Наврӯз Каримов, ки аз ҷониби посбонони маркази савдои «Москва» мавриди лату кӯб қарор гирифт, зинда буда, вале табибон ҳолаташро вазнин арзёбӣ мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ин робита хабар доданд, ҷабрдида дар бемористони №68-и шаҳри Маскав бистарӣ шуда, кормандони сафорат ба аёдати ӯ рафтаанд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия ба таҳқиқи ҳодисаи муноқиша назди маркази савдои «Москва» бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон машғуланд.

Қаблан як манбаъ аз ВКД Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки аз ҷароҳатҳои бардошта Наврӯз Каримов дар бемористон ҳалок шудааст.

Дар ин ҳодиса посбонҳои бозори "Москва” аз ширкати "Витязь” ба Наврӯз Каримов дарафтодаанд, ки чаро ӯ бидуни иҷозат аз як растаи бозор ба растаи дигараш бор мекашонад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи чоршанбе мақомоти пулис беш аз 50 нафарро назди маркази савдои «Москва» дар пойтахти Русия боздошт намуд. Сабаби ҷамъшавии муҳоҷирон назди маркази савдо лату кӯби муҳоҷири машғул ба боркашӣ дар марказ буда, ҳамватанони ӯ бо посбонон ин масъаларо ба миён гузоштанӣ буданд.