Вазорати корҳои дохилии Афғонистон тасдиқ намудааст, ки дар Кобул бар асари ҳамла ба меҳмонхона 18 нафар, аз ҷумла, 14 нафар шаҳрвандони хориҷӣ қурбон шуданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» намояндаи ширкати ҳавопаймоии «Kam Air» изҳор намудааст, ки ҳангоми ҳамла 11 нафар кормандони хориҷӣ ҳалок гардида, 9 каси дигар бедарак шудаанд. Намояндаи ширкат илова намудааст, ки миёни шаҳрвандони хориҷии қурбоншуда шаҳрвандони Украина ва Венесуэла ҳузур доранд.

Гуфта мешавад, дар навбати худ, шабакаи телевизиони «Тolo News» гузориш додааст, ки бар асари ҳамлае, ки тақрибан 18 соат давом ёфт, 43 нафар ҳалок гардиданд. Аммо Вазорати корҳои дохилии Афғонистон марги танҳо 18 нафарро тасдиқ кардааст.

Бино ба гузориши шабакаи телевизиони мазкур, масъулияти ин ҳамларо ҳаракати ифротии «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифтааст.

Шоми рӯзи шанбе ҷангиёни мусаллаҳ ба меҳмонхонаи «Intercontinental Hotel» ҳамла карданд, ки дар маҷмӯъ ба 126 нафар, аз ҷумла, 41 нафар шаҳрвандони хориҷӣ муяссар гардид, ки раҳо ёбанд.