Дар бозори начандон бузург дар паҳлӯи универсами «Москва» - дар рӯ ба рӯи дармонгоҳи миллии «Шифобахш» (мавзеи Қарияи Боло) имрӯз сӯхтор зад.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, оташ майдони 60 метри мураббаъро фаро гирифта, сӯхтор дар мағозаи хӯроквории «Баҳодур» ба амал омадааст», - хабар доданд аз Хадамоти оташнишонии ВКД Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон сӯхтор хомӯш шуда, ба ҷойи ҳодиса ду дастаи оташинишонон фиристода шуда буданд.

«Ҳеҷ касе осеб надида, сабаҳои сар задани сӯхтор алҳол муайян карда нашудааст», - қайд кард манбаъ.

1/2

Бино ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, бар асари сӯхтор мағоза комилан ба коми оташ рафтааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.