Дар муассисаи ислоҳии низомаш шадиди шаҳри Хуҷанд шаби 8 ноябр маҳбусон ба ошӯб даст зада, он аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пахш карда шуд.
Дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон далели ошӯбро тасдиқ намуда, лекин аз пешниҳоди ҷузъиёти ҳодиса худдорӣ варзиданд.
“Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи махсуси корӣ сабабҳои сар задани ошӯбро таҳқиқ мекунад. Алҳол ҳеҷ ҷузъиёте маълум нест”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ин Сарраёсат.
Исён дар муассисаи ислоҳии низомаш сангин, воқеъ дар қаламрави микрорайони 16 шаҳри Хуҷанд рух дод. Шумори кушта ё захмишудагон дар он алҳол номаълум аст. Ҳамчунин маълум нест, ки ба чанде фирор кардан муяссар шудааст ё не.
Дар ҳамин ҳол, тавре Радиои Озодӣ бо такя ба манбаи худ хабар медиҳад, бар асари задухӯрд хисороти ҷонӣ ҳаст, аммо теъдоди кушташудаҳо ва захмиҳо маълум нест. Нерӯҳо зуд ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда ва ошӯбгаронро пахш карданд.
Ба қавли шоҳидон, дар ҳамаи роҳҳои шаҳр ба самти кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон посгоҳҳои тақвиятёфтаи кормнадони сохторҳои қудратӣ гузошта шудаанд.
Ёдрас мекунем, ки ду сол пеш - 24 ноябри соли 2016 сокини 26-солаи Исфара Амонуллохон Носирӣ аз зиндони низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд фирор намуд. Баъди ду рӯз ӯ дар қаламрави зодгоҳаш - шаҳри Исфара боздошт шуда буд.
Қаблан шаби 17 июни соли 2016 маҳбусон Рамзуллохон Додохонов, Ҳабибҷон Юсуфов ва Мирзозариф Қаюмов низ ҷиҳати фирор аз ҳамин зиндони кӯшиш карда буданд. Онҳо бо корд сардори шуъбаи назорат ва тарбияи зиндон Ёрмамад Алимамадовро захмӣ карда буданд, ки дар роҳ ба бемористон ҳалок шуда буд.
Он замон зикр гардида буд, ки маҳбусони зикршуда барои пайвастан ба сафҳои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” аз зиндони гурехтанӣ будаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста