Охири ҳафтаи гузашта ҳодисае дар Душанбе миёни аҳли ҷомеа сарусадоҳои зиёде барангехт: се ноболиғ духтари 6-соларо оташ заданд.

Ҳамла ба духтарча субҳи рӯзи 19 июн сурат гирифтааст: Осияи Шерзод бо дугонаҳояш назди ҳавлӣ бозӣ мекардааст, ки ин замон се писарони ноболиғ - хонандагони мактаб аз ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ назди онҳо омада, духтарчаро ба симтӯр мебанданд ва оташ мезананд.

Падари духтарча ба нашрияи “Фараж” гуфтааст ин ҷиноятро бачаҳои деҳаи дигар содир кардаанд, ки бекоранд ва рӯзи дароз деҳа ба деҳа мегарданд.

Аз Маркази тиббии рақами 3-и шаҳри Душанбе гуфтаанд, ки Осия Зулфоноваи шашсола рӯзи 19-уми июн, тахминан соати 12-и рӯз, бо ҷароҳатҳои аз оташ сӯхтаи бадан қабул карда шудааст.

Мудири шуъбаи бемориҳои сӯхтаи Маркази мазкур Тоҳир Зубайдов изҳор намудааст, ки бемор дар ҳолати умумии ниҳоят вазнин, бо сӯхтани 65 фоизи бадан дар шуъбаи эҳё ва наҷоти бемористон бистарӣ аст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумонбарии ин ҳодиса се нафар ноболиғон дастгир карда шудаанд.

Гуфта мешавад, оид ба ҳодисаи рӯйдода маводҳои санҷишӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе фиристода шуда, санҷиши ҳолати рӯй додани ин ҳодиса идома дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Олимзода Насим Хоҷаро барои табобат ва нигоҳубин кардани ноболиғи мазкур вазифадор намудааст, ки табобати кӯдакро зери назорати қатъӣ гирад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.