Дар маркази шаҳри Хуҷанд тахминан соатҳои панҷи бегоҳ дар дохили бурҷи 58-метраи 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки соли 2016 дар шаҳри Хуҷанд сохта шуд, сӯхтор сар зад.
“Сӯхтор дар наздикии майдони тамошо дар қаҳвахона сар зад, якчанд кондитсионер, амволи қаҳвахона, яхдонҳо ба коми оташ фурӯ рафтанд, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд.
Бино ба иттилои манбаъ, аз сӯхтор одамон ва Осорхонаи 25-солагии истиқлолияти Тоҷикистон, ки дар қисмати поёнии иншоот ҷойгир аст, осеб надидаанд.
Тибқи маълумоти пешакии хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд, сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳо дар шабакаҳои барқи маҷмаа буда метавонад.
Ёдрас мекунем, ки моҳи сентябри соли 2016 бо иштироки президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” мавриди истифода қарор гирифт. Имрӯз ин маҷмаа, ки бо номи “Стелла” миёни мардум маъруф аст, ба макони дӯстдоштаи истироҳату сайругашти сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст.
Баландии муҷассама 58 метр буда, дар он тоҷ ва ҳафт ситораи доирашакл давр мезанад. Дар баландии 21 метри он майдончаҳо барои тамошо сохта шудааст ва дорои лифтҳои махсус мебошад.
Масоҳати умумии маҷмаа 1 ҳазору 127 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Дар таҳхонаи он толорҳои намоишӣ ва таърихию фарҳангӣ мавҷуд аст, ки дар он харитаи Тоҷикистон ва муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҷойгир карда шудааст. Гузаргоҳҳои зеризаминӣ барои ба толори намоишӣ пайвастани сокинон пешбинӣ шудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.