Миёни фавтидагон ва осебдидагони садамаи ҳавопаймо, ки субҳи барвақти имрӯз, 27-уми декабр дар фурудгоҳи Алмаато рух дод, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.

Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз Раёсати итттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати ҳолатаҳои фавқулодаи Қазоқистон рӯйхати фавтидагони шахсияташон муайяншударо нашр кард.

Алҳол ҳалокати 14 нафар маълум буда, шахсияти 7 нафарашон муайян карда шудааст. Тавре Tengrinews.kz хабар медиҳад, дар байни фавтидагон раиси Раёсати Шӯрои генералҳои Қазоқистон, генерал-майори адлия, корманди шоистаи ВКД-и Иттиҳоди Шӯравӣ Рустем Кайдаров зикр шудааст.


Ҳамчунин рӯйхати 23 нафар ҷабрдидагон нашр шуда, онҳо бо ҷароҳатҳои гуногуни шикастани узвҳои бадан дар бемористонҳо бистарӣ шудаанд. Тибқи маълумоти КҲФ Қазоқистон, аснои ин садама 7 нафар кӯдакон низ осеб дидаанд.

Ҳавопаймои Bek Air бо 95 мусофир ва 5 нафар сарнишинон субҳи 27-уми декабр пас аз парвоз аз фурудгоҳи Алмаато баландиро аз даст дода, девори бетониро рахна кардааст ва ба бинои дуошёна бархӯрдааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.